Апрел 19, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамлаи террористии минтақаи Ар-Рошидини Ҳалаб 126 нафар кушта шуданд.
    Дар ҳамлаи террористии минтақаи Ар-Рошидини Ҳалаб 126 нафар кушта шуданд.

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар баёнияе ҳамлаи террористии рӯзи понздаҳуми апрел дар минтақаи Ар-Рошидини Ҳалабро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар ин баёния, ки рӯзи сешанбе содир шуд, омадааст: “Аъзои Шӯрои амният ин ҳамлаи террористии ваҳшиёнаро, ки кушта шудани 126 нафар, аз ҷумла шумори зиёде аз кӯдаконро дар минтақаи Ар-Рошидини Ҳалаб дар понздаҳуми апрел ба дунбол дошт, ҳамчунин даҳҳо захмӣ барҷой гузошт, ба шиддат маҳкум мекунад”.

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониён ва мардуми Сурия таслият гуфтанд.

Тибқи тавофуқи ахир миёни давлати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор буд рӯзи шанбеи 15 –уми апрел теъдоде аз аҳолии Фуа ва Кафариё, ки наздик ба ду сол дар муҳосираи террористҳо буданд, бо террористҳое, ки дар манотиқи Мазоё ва Забадонӣ ҳузур доштанд мубодила шаванд, аммо дар ҳоле ки террористҳои Мазоё ва Забадонӣ саҳеҳу солим ба Идлиб мунтақил шуданд, 126 нафар аз занону кӯдакони бедифои Фуа ва Кафариё дар амалиёти интиҳории террористҳои такфирӣ ба шаҳодат расиданд ва 224 тани дигар захмӣ шуданд.

Барчасп