Апрел 23, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Эътироф ба шароити душвори Иттиҳодияи Араб

Дабири кулли Иттиҳодияи араб изъон кард, ин иттиҳодия дар душвортарин давраи худ, дар натиҷаи нобудии теъдоде аз кишварҳои арабӣ, тайи 6 соли гузашта, қарор дорад.

Ба гузориши пойгоҳи ал-Аҳд, Аҳмад Абулғайт -дабири кулли Иттиҳодияи араб, дар суханронӣ ба муносибати 72-умин соли таъсиси Иттиҳодияи араб дар Донишгоҳи Искандарияи Миср, бо баёни ин ки 50 дарсади паноҳҷӯёни саросар ҷаҳон аз арабҳо ҳастанд, ибрози таассуф кард.

Пеш аз ин бархе рӯзномаҳои мисрӣ аз буҳрони молии Иттиҳодияи араб ва истеъфои теъдоде аз коркунони он хабар дода ва навиштанд, ки истеъфои пай дар пайи коркунони Иттиҳодияи араб, ки аксари онҳо мисрӣ ва теъдоде низ яманӣ, ироқӣ ва лубнонӣ ҳастанд, иртиботе ба ихтилоф бо мудирияти ин иттиҳодия надорад ва танҳо далели он, буҳрони молии иттиҳодия аст.

 

Барчасп