Раисиҷумҳури Миср: Як соли дигар манро таҳаммул кунед!
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i16342-Раисиҷумҳури_Миср_Як_соли_дигар_манро_таҳаммул_кунед!
Раисиҷумҳури Миср аз мардуми ин кишвар хост, ки танҳо як соли дигар ӯро таҳаммул кунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 27, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Миср: Як соли дигар манро таҳаммул кунед!

Раисиҷумҳури Миср аз мардуми ин кишвар хост, ки танҳо як соли дигар ӯро таҳаммул кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Абдулфаттоҳ  Сисӣ дар ҳошияи ифтитоҳи сеюмин Конфронси лигияи ҷавонон дар шаҳри Исмоилияи Миср, бо лаҳҷаи омиёнаи мисрӣ, хитоб ба мардуми ин кишвар гуфт, «фақат як соли дигар маро таҳаммул кунед, пас аз он сарнавиштро ба интихобот месупорам, ҳар киро хостед интихоб кунед, Худованд ҳамаро муваффақ гардонад.»

Сисӣ ҳамчунин қавл дод, ки интихобот одилона ва шаффоф баргузор шавад ва дар сурате, ки мардуми Миср ҳар як аз рақибони ӯро интихоб карданд, мансаби раёсатҷумҳуриро тарк кунад.

Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки барномаҳои раёсатҷумҳуриашро қабл аз поёни давраи аввали он, дар моҳи июн соли оянда амалӣ кунад.

Сисӣ танҳо роҳи тарки мақоми раёсатҷумҳуриро баргузории интихоботи оянда дар соли 2018 донист ва гуфт, ба ҳеҷваҷҳ дар интихобот ба тақаллуб мутавассил нахоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Миср аз ҳамаи гурӯҳҳо ва ақшори мардуми ин кишвар низ хост, ки барои посдорӣ аз Миср, бо якдигар муттаҳид шаванд.