Апрел 30, 2017 13:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори СММ дар бораи вазъияти кӯдакони Яман

Созмони Милали Муттаҳид шароити кӯдакон дар Яманро фоҷиабор эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълом кард, Яман ба далели идомаи ҷанг, дар маърази фоҷиаи инсонӣ ва гуруснагӣ қарор дорад, ки ҷони миллионҳо нафар, аз ҷумла кӯдаконро таҳдид мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин гузориш дод, ҳар 10 дақиқа як кӯдак ба далел гуруснагӣ ва беморӣ дар Яман, кушта мешавад ва аз ҳар10 кӯдак 8 нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебарданд.

Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ба Яман ҳамла кардааст, то Мансур Ҳодӣ-раисиҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба қудрат бозгардонад.

Ҳамалоти низомии Арабистон ба Яман, токунун натиҷае ҷуз куштори беш аз 11ҳазор нафар ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар ва ҳамчунин овора шудани миллионҳо яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар надоштааст.

 

 

Барчасп