Профессори олмонӣ ҳодисаи Хон Шайхунро сохтагӣ хонд
(last modified Thu, 04 May 2017 11:54:59 GMT )
Май 04, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Профессори олмонӣ ҳодисаи Хон Шайхунро сохтагӣ хонд

Мудири Маркази таҳқиқоти ҷаҳони араб, дар Донишгоҳи Йоҳанес Гутенберги Олмон, ҳодисаи куштори кимиёвӣ дар Хон Шайхуни Сурияро сохта ва пардохтаи нерӯҳои мавсум ба кулоҳ сафедҳо донист.

Ба гузориши хабаргузории “Соно”,  Гюнтер Майер-мудири Маркази таҳқиқоти ҷаҳони араб дар Донишгоҳи Йоҳанес Гутенберги Олмон тасреҳ кард, кулоҳ сафедҳо достонпардозии Хон Шайхунро барои ҳамлаи амрикоиҳо ба артиши Сурия анҷом доданд.

Гюнтер Майер дар мақолае бо унвон “Куштори гази самӣ, ҳодисае сохтагӣ ва тақаллубӣ”, дар як рӯзномаи чопи Олмон навишт, нахустин гурӯҳе, ки аз ҳодисаи Хон Шайхун барои муттаҳам кардани давлати Сурия суд бурд, террористҳои ифротии шикастхӯрда ҳастанд, ки ба шиддат ниёзманди кӯмакҳои низомӣ ҳастанд.

Профессор Теодор Бостон аз муассисаи фанноварии Массачусетс низ гуфтааст, он чӣ мушаххас аст, ҳамлаи Хон Шайхунро душманони давлати Сурия ба манзури муттаҳам кардани Димишқ ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ тартиб додаанд.

Дар пайи ҳамлаи кимиёии машкуки чаҳоруми апрел, ба минтақаи Хон Шайхун дар ҷануби устони Идлиби Сурия, артиши Амрико бо муттаҳам кардани Димишқ ба даст доштан дар ин ҳамлаи иддаоӣ, пойгоҳи ҳавоии Шаъиротро дар устони Ҳумси Сурия, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.