Май 06, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони барқасдонаи мадрасаи Алвило дар ғарби Мусил аз сӯи эътилофи амрикоӣ

Ҳайати уламои муслимини Ироқ эълом кард, ҷангандаҳои эътилофи байналмилалии ба истилоҳ зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико, барқасдонаи мадрасаи Алвило дар ғарби Мусил ( шимоли Ироқ)-ро бомбаборон карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҷараёни бомбаборони панҷшанбеи гузашта, мадрасаи Алвило дар минтақаи «17-уми Тамуз» дар ғарби Мусил, токунун кушта шудани 80 то 130 нафар гузориш шудааст.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Форс, ҳайати уламои муслимини Ироқ, ки як ташаккули динии аҳли суннат маҳсуб мешавад, дар пойгоҳи иттилорасонии худ бо судури баёнияе, зимни маҳкумияти бомбаборони мадрасаи Алвило, эътилофи амрикоиро масъули ин фоҷиа донист ва эълом кард, бомбаборони барқасдона, як «қатли ом» аст.

Ҳайати уламои муслимини Ироқ, бо истинод ба манобеи хабарӣ ба афзоиши теъдоди талафоти бомбаборони мадрасаи Алвило, аз сӯи эътилофи амрикоӣ ба 200 кушта ва захмӣ ишора ва изҳор кард, хун ва аҷзои аҷсоди қурбониён бо деворҳои мадраса омехта ва саҳнаи фаҷиеро ба вуҷуд овардааст.

Манбаъ бо ишора ба ин ки Мусил пеш аз ин низ шоҳиди кушта ва захмӣ шудани 238 нафар дар бахши ғарбӣ будааст, эълом кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъулияти худ дар баробари такрори барқасдонаи ин фоҷиаҳо амал кунад.

То кунун ҳеч тарафе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо расонаҳои ироқӣ эътилофи амрикоиро масъули ин ҳамла донистаанд.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, беш аз 30 хонавода дар мадрасаи Алвило сокин буданд, ки пас аз бомбаборон як нафар солим намондааст.

 

 

Барчасп