Май 12, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Гуруснагӣ ва амалиёти интиҳорӣ -  саҳми кӯдакон дар манотиқи ДИИШ

Гурӯҳи террористи ДИИШ барои водоштани кӯдакони Ироқ ба иҷрои амалиёти интиҳорӣ ононро гурусна нигоҳ медорад.

Ба гузориши рӯзномаи “Индепендет”-и Англия, гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи таҳти ишғоли худ дар Ироқ кӯдакони камсинну солро ба қадре гурусна нигоҳ медоранд, ки ба онон ҳолати заъф даст медиҳад ва сипас ин кӯдаконро дар ивази як адад картошка ба майдон ҷанг роҳӣ мекунанд.

Рӯзномаи “Индепендент” ин гузоришро ба нақл аз кӯдакони эзидӣ мунташир кард, ки тавонистаанд аз дасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи таҳти ишғоли ин гурӯҳ дар шимоли Ироқ фирор кунанд. Ин кӯдакон дар шарҳи зулме, ки террористҳои ДИИШ дар ҳаққи онон раво доштаанд, мегӯянд, террористҳои ДИИШ ба кӯдакони гурусна ваъдаи пазироӣ шудан дар биҳиштро пас аз анҷоми амалиёти интиҳорӣ медиҳанд ва ононро ба бастани камарбанди инфиҷорӣ ва инфиҷор миёни шаҳрвандони Ироқ водор мекунанд.

Ба навиштаи рӯзномаи англисии “Индепендент”, гурӯҳи ДИИШ садҳо духтару писари ҳафт-ҳаштсоларо дар рустоҳо ва манотиқи шимоли Ироқ барои анҷоми амалиёти террористӣ ва интиҳорӣ омӯзиш дода, идология ва афкори такфирии худро ба ин кӯдакон илқо кардааст.

 

Барчасп