Май 13, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши 100 миллиарддолларии силоҳи амрикоӣ ба саудиҳо

Як мақоми Кохи Сафед аз охирин мароҳили қарордодҳои 100 миллиарддолларии фурӯши силоҳҳои амрикоӣ ба Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ҳоле ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоли омода шудан барои дидоре аз Арабистони Саудӣ дар чанд рӯзи оянда аст, як мақоми аршади Кохи Сафед эълом кард, Вашингтону Риёз дар мароҳили охири такмили як маҷмӯаи қарордодҳои таслиҳотӣ ба арзиши беш аз 100 миллиард доллар ҳастанд.

Ин мақоми амрикоӣ афзуд, ҳадафи ин қарордодҳои таслиҳотӣ, ки мумкин аст дар як даҳа ба беш аз 300 миллиард доллар бирасад, кӯмак ба Арабистон барои тақвияти тавоноии низомии худ ва дар айни ҳол ҳифзи бартарии низомии муттаҳиди Амрико, яъне Исроил аст .

 Трамп қарор аст рӯзи 19 –уми май дар нахустин сафари хориҷии худ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ озими Арабистон шавад.

Амрико бузургтарин таъминкунандаи силоҳҳои Арабистони Саудӣ будааст.

Дар солҳои ахир ҷетҳои ҷангии “F -15” ва сомонаҳои фармондеҳӣ ва контрол ба арзиши даҳҳо миллиард доллар дар ихтиёри Арабистон қарор гирифтааст.

 

Барчасп