Густариши вабо дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i17274-Густариши_вабо_дар_Яман
Дар пайи афзоиши чашмгири маргумир дар натиҷаи густариши бемории вабо дар Яман Вазорати беҳдошти ин кишвар эълом кард, теъдоди ҷонбохтагон ба 115 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2017 14:02 Asia/Dushanbe

Дар пайи афзоиши чашмгири маргумир дар натиҷаи густариши бемории вабо дар Яман Вазорати беҳдошти ин кишвар эълом кард, теъдоди ҷонбохтагон ба 115 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Вазорати беҳдошти Яман пойтахти ин кишварро минтақаи буҳронзада эълом карда, аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, барои маҳори бемории вабо дар Яман кумак кунанд.