Май 20, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони милал бар поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ

Созмони милали муттаҳид поёни ишғолгарии режими саҳюнистиро бар сарзамини Фаластин хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Майкл Линк, гузоришгари Созмони милали муттаҳид бо таъкид бар лузуми поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ, авзои инсонӣ дар манотиқи ишғолии Фаластинро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Ин узви Созмони милали муттаҳид пас аз сафари панҷрӯза ба минтақа, иқдомоти ҳадафманд ва мудовими режими саҳюнистӣ дар нақзи ҳуқуқи фаластиниҳо, аз ҷумла муҷозоти ҷамъӣ, мусодираи амволи фаластиниҳо, тавассул ба зӯр ва силоҳ, куштор, мамониат аз тараддуди озодонаи шаҳрвандони фаластинӣ, густариши шаҳраксозӣ дар Фаластин ва муҳоҷирати иҷбории ононро маҳкум кард.

Гузоришгари Созмони милали муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои поёни ишғолгарии саҳюнистҳо, шаҳраксозӣ ва бархурдории миллати Фаластин аз ҳаққи таъйини сарнавишт талош кунанд.

Режими саҳюнистӣ илова бар тадовуми нақзи ҳуқуқи башар аз оғози соли 2016 мусодираи заминҳои фаластиниёнро барои сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин шиддат бахшидааст.

 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид 23-юми декабри чоли 2016 қатъномае барои поён додан ба шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ тасвиб кард, вале ин раванд ҳанӯз мутаваққиф нашудааст.

 

Барчасп