Ҳимояти Трамп аз саркубгариҳои режими Оли Сауд
(last modified 2017-05-20T13:44:52+00:00 )
Май 20, 2017 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Трамп аз саркубгариҳои режими Оли Сауд

Хабарнигори амрикоӣ сиёсатҳои раисиҷумҳури Амрикоро, зиддият бо кишварҳои мустақили минтақаи ғарби Осиё, аз ҷумла Эрон ва ҳимоят аз режими саркӯбгари Оли Сауд донист.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Калеб Мопин- хабарнигори амрикоӣ дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ, дар мавриди сафари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба Арабистони Саудӣ навишт, Трамп қасд дорад бо Малик Салмон -подшоҳи Арабистон ҳамкорӣ кунад, ки ҳуқуқи башарро нақз мекунад, аммо Эронро бовуҷуди баргузории интихоботи рақобатӣ ва ҳузури миллионҳо нафар пои сандуқҳои раъй, «ғайри демократӣ» меномад.

Ба гуфтаи ин хабарнигори амрикоӣ, рӯй карди Кохи Сафед, ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ ва режими Оли Сауд алайҳи Эрон аст.

Ин хабарнигори амрикоӣ ҳамчунин гуфт, дар ҳоле, ки Трамп худро барои дидор бо подшоҳи Арабистон омода мекунад, ки мардуми Яман барои наҷоти ҷонашон дар баробари ҷиноёти ҷангии режими Оли Сауд мубориза мекунанд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе барои дидор ва музокира бо мақомоти Саудӣ, вориди Риёзшуд.

Имзои тавофуқнома барои хариди таслиҳоти Арабистони Саудӣ аз Амрико, ки ҳудуди 100 миллиард доллар баровард мешавад, аз ҷумлаи мавзуоти мавриди баҳс байни Трамп ва мақомоти режими Оли Сауд хоҳад буд.

 

Барчасп