Вазири хориҷаи Ироқ: Бағдод вориди сафбандиҳо алайҳи Эрон нахоҳад шуд
Вазири хориҷаи Ироқ дар вокуниш ба сиёсати эронҳаросӣ, ки дар минтақа ба роҳ афтодааст, таъкид кард: Ба ҳеч ваҷҳ имкон надорад, ки Бағдод вориди сафбандиҳо алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон шавад.
Ба иттилои Ирно, Иброҳим Алҷаъфарӣ дар бораи пайвастани Ироқ ба меҳвари зидди эронӣ дар минтақа ба раҳбарии Вашингтон гуфт: Инҳо ёвагуӣ аст, Ироқ дар сиёсати хориҷии худ дорои субот ва мутағайирҳоест, бар ҳамин асос имкон надорад, ки Бағдод ба сафбандиҳо алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон бипайвандад .
Вазири хориҷаи Ироқ афзуд: Эронҳаросӣ дар минтақа ҳеч тавҷеҳи мантиқӣ надорад .
Вай ҳамчунин бо ишора ба таҷовузҳои бархе кишварҳои араби минтақа ба арозӣ ва ҳокимияти миллии Ироқ таъкид кард: Бо ин ҳол, Ироқ ҳаргиз бо масъалае ба номи дахолатҳои Эрон мувоҷеҳ набуда ва аз соли 2003 то имрӯз ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргиз нерӯи низомӣ вориди Ироқ накарда ва ҳеч эронӣ дар Ироқ даст ба амалиёти террористӣ назада, балки Теҳрон дар тамомии буҳронҳо дар канори мо истодааст .
Алҷаъфарӣ тасреҳ кард: Ончи дар минтақа иттифоқ меафтад, аксулъамалҳо ба қудрати бартари Эрон аст, зеро ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора собит карда, ки як кишвари пешрафта ва тавонманд ва дорои як сиёсати роҳбурдии комилан равшан, қудрати иқтисодӣ ва тавонмандии дипломатӣ аст ва ҳамин амр боиси нороҳатии бархеҳо дар минтақа шудааст .