Май 29, 2017 21:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости шахсиятҳои фарҳангии ҷаҳони араб барои таваққуфи хушунат дар Баҳрайн

Дар ҳоле, ки режими Оли Халифа минтақаи Алдурози Баҳрайнро ба подгони низомӣ табдил кардааст, шуморе аз шахсиятҳои фарҳангӣ ва сиёсии ҷаҳони араб таваққуфи фаврии хушунати хунбор алайҳи мардуми Баҳрайнро хостор шуданд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии Аллулуи Баҳрайн, шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони араб рӯзи душанбе дар баёнияе таъкид карданд, Баҳрайн дар рӯзҳои ахир пас аз нишастҳои Риёз, шоҳиди ҳамалоти хунбори режими Оли Халифа ба ҳуқуқи машруи мардум аст .

Имзокунандагони ин баёния исрори давлати Баҳрайн ба нобудии кишвар ва зулми тоифаиро маҳкум ва таваққуфи ҳамалот, озодии боздоштшудагон ва таваққуфи саркуб ва нақзи ҳуқуқи башарро хостор шуданд.

Шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони араб гуфтугӯӣ миллии воқеиро тазминкунандаи дархостҳои мардумӣ ва ҳифзи Баҳрайн аз нобудӣ ва мудохилаи хориҷӣ донистанд .

Нерӯҳои амниятии режими Оли Халифа рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта ба минтақаи Алдуроз, маҳалли сукунат Шайх Исо Қосим ҳамла карда ва панҷ нафар аз аҳолиро кушта, беш аз 100 танро захмӣ карда ва 286 танро боздошт карданд .

Режими Оли Халифа бо истиқрори 20 мошини низомӣ ва зиреҳпуш дар майдони Алдуроз, эҷоди постҳои ист ва бозрасӣ ва бастани ҳамаи хуруҷиҳо, ин минтақаро ба подгони низомӣ табдил кардааст .

 

Барчасп