Арабистон қарордоди таслеҳотӣ бо Туркияро лағв кард
(last modified Wed, 31 May 2017 11:55:13 GMT )
Май 31, 2017 16:55 Asia/Dushanbe
  • Арабистон қарордоди таслеҳотӣ бо Туркияро лағв кард

Як манбаи арабӣ хабар дод, Арабистон дар паи имзоии тавофуқномаи низомии 110 миллиард долларӣ бо Амрико, суфориши хариди чаҳор нови ҷангиро аз Туркия лағв кард.

Пойгоҳи хабарии шабакаи ямании Наба дар ҳоле ин хабарро мунъакис кард, ки ҳануз ҳеч як аз тарафҳои расмии ин қарордод дар бораи ин хабар вокунише нишон надодаанд.

Гуфта мешавад, ин қарордод барои Туркия ду миллиард доллар суд доштааст .

Коршиносони сиёсӣ бар ин боваранд, ки лағви ин қарордод муҷиби таниш дар равобити Риёзу Анкара хоҳад шуд .

Фуад Иброҳим, коршиноси масоили сиёсии Арабистон пештар дар бораи сиёсати кунунии давлати Риёз гуфта буд, Арабистон ба Туркия, Покистон ва Миср дар ғиоби муттаҳидони аслиаш ниёз дошт, аммо пас аз дидор бо раисҷумҳури Амрико дар ҳоли раҳо кардани Туркияву Покистон аст .