Ришваи чанд миллион долларии Арабистон ба мушовирони Трамп
(last modified 2017-06-03T12:24:05+00:00 )
Июн 03, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ришваи чанд миллион долларии Арабистон ба мушовирони Трамп

Ифшои як гузориши ҷадид нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ ба мушовирони раисиҷумҳури Амрико, миллионҳо доллар ришва пардохт кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабари СНН, давлати Саудӣ чанд ҳафта монда ба сафари ахири Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба Арабистон, се ширкати восита (лобӣ) дар Амрикоро ҷиҳати пардохти ришва иҷора кард.

Дар ин гузориш омадааст, мушовирони Трамп аз аъзои ин ширкатҳо ҳастанд.

Бар мабнои ин гузориш, саудиҳо шаш ширкати лобӣ дар Амрикоро пас аз интихоби Трамп ба феҳристи лобиҳои худ, дар ин кишвар изофа карданд.

Вазорати кишвари Саудӣ, моҳи май 2017 як рӯз пас аз ин ки Трамп эълом кард, қасди сафар ба Арабистонро дорад бо пардохти маблағи 5 миллиону 400 ҳазор доллар гурӯҳи «Сонора» дар иёлати Аризонро ба унвони мушовири давлат дар умури тиҷорӣ кироя кард.

Давлати Саудӣ солҳои мутамодӣ аст, ки бар гурӯҳҳои лобӣ дар Вашингтон такя кардааст ва солона миллионҳо доллар ба онҳо пардохт мекунад.

Аз сӯи дигар расонаҳо фош карданд, дар муомилаи таслиҳотии 110 миллиард долларии Вашингтон ва Риёз, Джаред Кушнер-домоди раисиҷумҳури Амрико, восита будааст.

 

Барчасп