Июн 06, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Охирин таҳаввулоти қатъи равобити бархе кишварҳои арабӣ бо Қатар

Таваққуфи содироти шакари Арабистон ва Иморот ба Қатар, таълиқи парвозҳо ва таъини ҷарима барои сафари шаҳрвандони Саудӣ ба Қатар аз муҳимтарин рӯйдодҳои ношӣ аз қатъи равобити Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо Давҳа аст.

Ба иттилои Ирно, пас аз қатъи равобити дипломатии Қатару шуморе аз кишварҳои арабӣ, Иморот ва Арабистон тасмими гирифтанд, то содироти шакари сафед ба Қатарро мутаваққиф кунанд .

Қатар солонаи ҳудуди 100 ҳазор тонна шакари сафед аз ин ду кишвар ворид мекунад, ки масрафи ин модда дар моҳи мубораки Рамазон низ афзоиш меёбад .

Таълиқи парвозҳои хутути ҳавоии Миср ба мақсади Қатар ва баръакс низ аз имрӯз иҷроӣ мешавад .

Созмони ҳамкории исломӣ, ки мақарри он дар Ҷидда аст, аз Қатар хостааст, то ба тааҳҳудоти пешини худ ва низ ҳамаи қавонини Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба вижа масоили марбут ба таваққуфи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва фаъолиятҳои онон ва низ таҳрики расонаӣ пойбанд бошад .

Вазорати фарҳанги Арабистон низ дар паи таниши байни ин кишвар бо Қатар, дафтари шабакаи хабарии Алҷазираро дар Риёз баст .

Ҳамчунин бо қатъи равобити дипломатии Арабистону Қатар аз ин пас шаҳрвандони Арабистони дар сурати сафар ба Қатар, зимн пардохти ҷаримаи 10 ҳазор риёлӣ, ба се соли ҳабси маҳкум хоҳанд шуд .

Арабистон рӯзи душанбе ба ҳамроҳи Иморот, Баҳрайн, Миср, давлати шарқи Либия, Ҷазоири Молдив ва раисҷумҳури фирорӣ ва мустаъфии Яман бо иддаои ҳимояти Қатар аз терроризм ва ифротгароӣ ва дахолат дар умури дохилии дигар кишварҳо, равобити сиёсӣ ва дипломатии худро бо Давҳа қатъ карданд .

 

Барчасп