Июн 10, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия аз қатъи хутути тадорукоти ДИИШ хабар дод

Фармондеҳи артиши Сурия эълом кард, дар амалиёти рӯзи ҷумъаи неруҳои мусаллаҳ ин кишвар, хутути тадорукотии гурӯҳи такфирии ДИИШ аз масирҳои мухталиф қатъ шуд.

Фармондеҳи артиши Сурия имрӯз (шанбе) бо судури баёнияе эълом кард, неруҳои мусаллаҳ асри ҷумъа марҳалаи нахуст аз амалиёти низомӣ дар Бодияи Сурияро иҷро карданд ва тавонистанд аз шимолу шарқи Ал-Таниф ба марзҳои Ироқ бирсанд ва бар манотиқ ва пойгоҳҳои роҳбурдии мухталиф ба масоҳат 20 ҳазор километри мураббаъ дар умқи Бодия, аз замони оғози амалиёт аз ҷанубу шарқи шаҳри Тадмир, мусаллат шаванд.

Дар ин баёния бо ишора ба ин ки ин муваффақият, таҳаввуле роҳбурдӣ дар мубориза бо терроризм ва нуқтаи оғозе барои амалиёти низомӣ дар Бодияи Сурия ва дар марзи Ироқ ба шумор меравад омадааст, дар ин амалиёт садҳо террористи ДИИШ-ӣ ба ҳалокат расиданд ва хутути тадорукотӣ ва пуштибонии ин гурӯҳи террористӣ аз масирҳои мухталиф қатъ шуд.

Фармондеҳи артиши Сурия ҳамчунин бори дигар нисбат ба хатарҳо ва паёмадҳои таҷовузҳои мукаррари эътилофи байналмилалии ба истилоҳ зидди ДИИШ, ба саркардагии Амрико ва талоши онҳо барои сангандозӣ дар масири пешравии артиши Сурия ва неруҳои ҳампаймон дар ҷанг бо терроризм ҳушдор дод.

 

Барчасп