Қатар пешниҳоди вазири хориҷаи Саудиро рад кард
Доҳа зимни радди пешниҳоди вазири хориҷаи Саудӣ барои ирсоли кӯмакҳои инсонӣ ба Қатар таъкид кард, ки ин кишвар ниёзманди ҳеч навъ кӯмаке нест.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Алолам”, Вазорати хориҷаи Қатар дар баёнияе ба изҳороти Одил Ҷубайр, вазири хориҷаи Саудӣ дар бораи ироаи кӯмак ба Қатар посух додаву таъкид кардааст, ки Доҳа на танҳо ниёзманди имдодрасонии ғизоӣ ё доруӣ нест, балки ҳамчунон ба манотиқи мусибатзада кӯмак мекунад.
Дар ин баёния омадааст, ин пешниҳоди Одил Ҷубайр дар ҳақиқат бо қотеият баён мекунад, ки иқдоми кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба бастани гузаргоҳҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба рӯйи Қатар таҳрим нест, балки муҳосира аст.
Ин баёния меафзояд, Қатар дар маърази муҳосирае аст, ки ҳадафи ошкори он фишор бар давлату мардуми Қатар барои иҷрои аҳдофи сиёсӣ аст, аммо дар равобити миёни кишварҳову миллатҳои бародар қобили қабул ва ё мантиқӣ нест, ки иттиҳомҳои беасос матраҳ шавад.