Июн 20, 2017 09:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қатар: Бо кишварҳои арабӣ музокира намекунем

Вазири хориҷаи Қатар гуфт: Давҳа то поёни таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар, бо кишварҳои арабӣ музокира нахоҳад кард.

Ба иттилои Presstv, Муҳаммад ибни Абдулраҳмон Оли Сонӣ афзуд: Рафъи таҳримҳои Қатар пешшарти ҳаргуна иқдоми рӯ ба ҷилав барои ҳалли муноқишоти миёни Давҳа ва кишварҳои араби ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс аст ва токунун ҳеч пешрафте дар ин замина мушоҳида нашудааст .

Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Абдулраҳмон Оли Сонӣ, Қатар токунун ҳеч хостае аз сӯи кишварҳои арабии ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс, ки бо Давҳа қатъи робита кардаанд, дарёфт накардааст .

Вазири хориҷаи Қатар гуфт: Дар сурати идомаи ин буҳрон, Давҳа ба Туркия, Кувайт ва Уммон такя мекунад ва Эрон гузаргоҳҳое барои убури ҳавопаймоҳояш фароҳам мекунад .

Буҳрони байни Қатар ва чанд кишвари арабӣ аз он ҷо шуруъ шуд, ки Арабистон ба ҳамроҳи Иморот, Баҳрайн, Миср ва чанд кишвари дигар бо иддаои ҳимояти Қатар аз терроризм ва ифротгароӣ ва дахолат дар умури дохилии дигар кишварҳо, равобити сиёсӣ ва дипломатии худро бо Давҳа қатъ карданд .

 

Барчасп