Амрико масири парвози ҷангандаҳояшро дар Сурия тағйир медиҳад
Дар пайи лағви тавофуқномаи амнияти парвоз аз сӯйи Русия артиши Амрико эълом кард, масири парвози ҷангандаҳояшро бар фарози Сурия барои тазмини саломатии ҳайатҳое, ки парвоз мекунанд, тағйир медиҳад.
Ба гузориши “Сумирия нюз”, сухангӯи фармондеҳии маркази нерӯҳои ҳавоии Амрико эълом кард, дар натиҷаи рӯёрӯиҳои ахир бо нерӯҳои ҳампаймони Сурия ва нерӯҳои русӣ Петагон тасмим гирифт, тадобире барои тағйири масири парвозҳои ҷангандаҳои худ бар фарози Сурия дар назар бигирад.
Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе таъкид кард, ки тамоми тавофуқномаҳо ва тааҳҳудоти дуҷонибаи амнияти парвозҳо бо Амрико бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сонеҳаи ҳавоӣ дар Сурия лағв шудааст. Вазорати дифои Амрико ҳамчунин хабари таваққуфи канали иртиботӣ бо Русияро, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз бархӯрди ҳавопаймоҳои Амрико ва Русия дар осмони Сурия эҷод шуда буд, таъйид кард. Пентагон дар айни ҳол эълом кард, барои фаъолсозии муҷаддади канали иртиботии Русия ва Амрико барои манъи даргириҳо дар Сурия талош мекунад.
Рӯзи якшанбе Амрико як ҷангандаи “Су-22”-и артиш Сурияро, ки дар ҳоли амалиёт алайҳи террористҳои ДИИШ буд, бар фарози осмони вилояти Раққаи ин кишвар сарнагун кард.