Июн 21, 2017 11:59 Asia/Dushanbe
  • Даъвати ҲАМОС барои ширкат дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс шаҳрвандони фаластиниро ба ширкат дар тазоҳуроте густарда дар марзҳои борикаи Ғазза фаро хонд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусалмонони саросари олам инзиҷори худро аз сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.

Ба гузориши Маркази итилоърасонии Фаластин, ҷумбиши ҲАМОС дар баёнияе аз шаҳрвандони фаластинӣ хост, ҷумъаи оянда ба муносибати гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо баргузории тазоҳуроте бошукӯҳ ба самти марзҳои борикаи Ғазза хашми худро аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба муқаддасоту миллати Фаластин нишон диҳанд.

Ин ҷумбиши фаластинӣ ҳадаф аз тазоҳуроти Рӯзи Қудсро ба тасвир кашидани мухолифати мардуми Фаластин бо яҳудисозӣ, таҷовуз ва муҳосира донист ва бар эъломи ҳамбастагии тамоми миллатҳои арабиву исломӣ бо Қудс, Масҷидулақсо ва низ эъломи ҳимоят аз миллати муҳосирашудаи Фаластин таъкид кард.

Ҷумбиши ҲАМОС ҳамчунин дар бораи пойбандии озодагони ҷаҳон бар аҳду паймони худ бо уммати исломӣ то таҳаққуқи комили ормони Фаластин дар заминаи озодисозӣ, таъйини сарнавишт ва ҳаққи бозгашт ба сарзамини обову аҷдодӣ ибрози итминон кард.

 

Барчасп