Июн 22, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Ал Ҳавсӣ: Исроил душмани воқеии уммати Ислом аст

Дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, Амирико ва режими саҳюнистӣ ба унвони душманони Ислом, барои тасаллут бар минтақа талош мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Абдулмалик Ал Ҳавсӣ дар суханоне ба муносибати моҳи мубораки Рамазон гуфт, Амрико бо ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ ва бо ончи аз назари сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва низомӣ дар Ироқ ва Афғонистон ва саросари ҷаҳони Ислом анҷом медиҳад, душманӣ бо уммати исломиро ошкор кардааст.

Ал Ҳавсӣ бо ишора ба нохурсандии сарони созишкори араб аз пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар рӯёрӯӣ бо режими саҳюнистӣ ва пойдории фаластиниён дар ҷангҳои мухталифи Исроил дар Ғазза, афзуд, сукут дар баробари ин тарафҳо, ки ба думболи мушкилтарошӣ дар сафҳои уммати исломӣ ва идома додан ба фаъолитҳои харобкорона ҳастанд, пазируфтанӣ нест.

Дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба сарсупурдагии бархе режимҳои арабӣ ба Амрико ва Исроил, гуфт, дархости дӯстии ин режимҳои мунофиқ бо Амрико ва эътилофи онон бо Исроил ошкор шудааст, ки паёмадҳои ногуворе барои уммати исломӣ ба думбол хоҳад дошт.

 

Барчасп