Истиқболи режими саҳюнистӣ аз валиаҳди ҷадиди Арабистон
Вазири иртибототи режими Исроил аз интисоби Муҳаммад бин Салмон ба симати валиаҳди Арабистони Саудӣ истиқбол ва ибрози умедворӣ кард, ки ин масъала раванди беҳбуди равобити Арабистон ва Исроилро суръат бахшад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Айюб Қара гуфт, интисоби Муҳаммад бин Салмон ба валиаҳдӣ, яъне ҳамкории бештар дар Ховари Миёна, тақвияти равобити дипломатии кишварҳои арабӣ бо давлати Амрико ва оғози марҳалаи ҷадид ва умедворкунанда байни Арабистон ва Исроил.
Исраэл Катс, вазири иттилооти режими саҳюнистӣ ҳам аз Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ хост, то аз Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим барои сафар ба Риёз даъват кунад ё Муҳаммад бин Салмон, валиаҳдро барои як сафари расмӣ ба Фаластини ишғолӣ бифиристад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи саҳюнистии Гааретс навишт, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар соли 2015 ба сарзаминҳои ишғолӣ сафар ва ба таври муназзам бо масъулони исроилӣ дидор кардааст.
Малик Салмон шоҳи Арабистони Саудӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар фармоне Муҳаммад бин Ноиф валиаҳдро барканор ва писараш Муҳаммадро ба унвони валиаҳди ҷадид ва ҷонишини худ таъйин кард.