Июн 24, 2017 18:21 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман

Ҷангандаҳои Саудӣ имрӯз (шанбе) устонҳои Саъда, Санъо, Таъиз, Маариб ва Лаҳиҷ дар Яманро бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ 24 маротиба манотиқи Алмахдара, Алрабиъа, Алнаҷд, кӯҳи Ҳилон ва Алмашҷа дар шаҳристони Сирвоҳ дар устони Маариб, воқеъ дар маркази Яманро бомбаборон карданд.

Илова бар ин, ҷангандаҳои Саудӣ минтақаи Нақм ва минтақаи Алҳифо дар Санъо- пойтахти Яманро низ дар чанд навбат бомбаборон карданд.

Як манбаи огоҳи яманӣ эълом кард, ҷангандаҳои Саудӣ 11 навбат шаҳристон Алвозиъия дар устони Таъиз ва 7 навбат минтақаи Каҳбуби устони Лаҳиҷ дар ҷануби ин кишварро ҳадаф қарор доданд.

Ин ҷангандаҳо ҳамчунин дар 3 навбат бозори Алмашниқ дар устони Саъда дар шимоли Яманро бомбаборон карданд, ки ба кушта шудани 5 шаҳрванди яманӣ мунҷар шуд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ- раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст.