Июн 25, 2017 09:02 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҳамкории исломӣ талош барои ҳамла ба Масҷидулҳаромро маҳкум кард

Созмон ҳамкории исломӣ талош барои ҳамла ба Масҷидулҳаромро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Созмони ҳамкории исломӣ, ки қароргоҳи он дар Ҷиддаи Арабистон аст, дар баёнияе эълом кард, як мусалмони воқеӣ наметавонд дар охирин рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон ҳурмат ва ҷойгоҳи Масҷидулҳаромро зери по бигузорад.

Вазорати кишвари Арабистон рӯзи ҷумъа аз беасар кардани як амалиёти террористӣ дар Масҷидулҳаром хабар дод. Як муҳоҷим пас аз муҳосира аз сӯи неруҳои амниятии Арабистон, маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро дар маҳаллаи «ал-Улё» дар ҷанубу шарқи Ҷидда мунфаҷир кард.

Неруҳои амниятии Арабистон аз боздошти се нафар дар ду амалиёти ҷудогона дар Макка ва Ҷидда хабар доданд.

 

Барчасп