Июн 26, 2017 19:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори артиши Сурия ба режими саҳюнистӣ

Фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия дар бораи паёмадҳои ношӣ аз иқдомоти хасмона ва таҷовузгаронаи режими саҳюнистӣ алайҳи ин кишвар ҳушдор дод.

 

Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия, режими саҳюнистиро масъули паёмадҳои хатарноки такрори ингуна иқдомоти таҳрикомез баршумурд ва бар нобудии гурӯҳҳои террористӣ, ки бозувони Исроил дар минтақа ҳастанд, таъкид кард .

Фармондеҳии кулли артиши Сурия ҳадаф аз ҳамалоти мутаҷовизонаи режими саҳюнистиро ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва тақвияти рӯҳияи бисёр заифи онон хонду тасреҳ кард: Ин иқдомоти таҳрикомез маҳкум ба шикаст аст .

Фармондеҳии кулли артиши Сурия хотирнишон кард: Режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба иқдоми ягонҳои артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия, ки ҳамалоти гурӯҳи террористии Ҷибҳа-Алнусра дар ҳумаи шаҳри Албаъс дар устони Қунитраро дафъ ва хисоратҳои сангине ба онон ворид карданд, бори дигар тасмим гирифт, ба пойгоҳҳои низомии артиши Сурия ҳамла кунад.

Ҷанганда‌ҳои режими саҳюнистӣ бомдоди шанбе мавозеи артиши Сурияро дар устони Қунитра ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он се низомии сурӣ кушта шуданд .

 

 

Барчасп