Июн 29, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси хонагии валиаҳди барканоршудаи Арабистони Саудӣ

Мақомоти амрикоӣ ва саудии наздик ба хонадони салтанатӣ хабар додаанд, ки ҳукумати Арабистон Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳди барканоршудаи ин кишварро мамнуълхуруҷ кардааст.

   Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, рӯзномаи Ню-Йорк Таймз дар гузорише навишт, Муҳаммад бин Ноиф- валиаҳди собиқи Арабистони Саудӣ дар Кохи худ зиндонӣ шудааст.

   Ба гуфтаи чаҳор мақоми феълӣ ва собиқи амрикоӣ ва саудии наздик ба хонадони салтанатӣ, Муҳаммад бин Ноиф, ки ба тозагӣ аз симати валиаҳдӣ барканоршуда аз ин кишвар мамнуълхурӯҷ шудааст ва ҳатто иҷоза надорад аз Кохи худ, дар шаҳри соҳилии Ҷадда хориҷ шавад.

   Ин мақомот дар ҳоле, ки хостанд номашон фош нашавад эълом карданд, маҳдудитҳои ҷадид бар марде, ки то ҳамин ҳафтаи гузашта дар сафи номзадҳои симати подшоҳӣ дар Арабистони Саудӣ қарор дошт ва масъули ниҳодҳои қудратманди амниятии ин кишвар будааст, бо ҳадафи маҳдуд кардани вай барои ибрози ҳар гуна мухолифати эҳтимолӣ бо Муҳаммад бин Салмони 31 сола ва валиаҳди ҷадиди Арабистони Саудӣ эъмол шудааст.

 

Барчасп