Июн 30, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Қатар: Хостаҳои Арабистон ғайривоқеиянд

Вазири умури хориҷии Қатар эълом кард, Доҳа барои музокира дар бораи масоили мавриди назари ҳамсоягонаш дар Халиҷи Форс омодагӣ дорад, аммо бархе хостаҳо мантиқӣ нестанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар гуфт, феҳрасти дархостҳое, ки ҳафтаи гузашта дарёфт карда, шомили мавориде аст, ки ба далели ғайривоқеӣ будан қобили анҷом нест.

Арабистон ва ҳампаймононаш, ки робитаи худро бо Қатар қатъ кардаанд, феҳрасти 13-гонае аз дархостҳои худро ба Қатар пешниҳод намуда, эълом кардаанд, азсаргирии равобити дипломатӣ бо Доҳа вобаста ба амалӣ шудани ҳамаи ин хостаҳост. Муҳимтарин шартҳое, ки Арабистон ва ҳампаймононаш барои Қатар таъйин кардаанд, шомили қатъи равобити дипломатии ин кишвар бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ, таътили комили шабакаи “ал-Ҷазира” ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия аз хоки Қатар аст.

Оли Сонӣ афзуд, Қатар наметавонад бо ДИИШ, “ал-Қоида” ва Ҳизбуллоҳи Лубнон қатъи робита кунад, чун аслан робитае бо онон надорад ва низ наметавонд аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эронро ихроҷ кунад, зеро ҳеҷ кадом аз аъзои онҳо дар Қатар нестанд. Вазири умури хориҷии Қатар таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба ин гуна дархостҳо Қатар ба ин натиҷа расида, ки ғараз аз чунин пешниҳод ҳалли мушкилоти мавриди назар нест, балки ҳадаф аз он эъмоли фишор ба Қатар барои ақиб нишастан аз ҳаққи ҳокимияти худ аст, ки ин корро ҳаргиз нахоҳад кард.

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн рӯзи панҷуми июн қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом ва ин кишварро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам карданд.

 

 

Барчасп