Июл 01, 2017 16:13 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити Арабистон ва режими саҳюнистӣ

Вазири кобинаи режими саҳюнистӣ аз густариши равобити ин режим бо Арабистон хабар дод.

     Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Исроэл Катс- вазири иттилооти ҷосусии режими саҳюнистӣ ошкоро аз Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон хост аз Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои сафар ба Арабистон даъват кунад.

   Вазири иттилооти ҷосусии режими саҳюнистӣ таъкид кард, Исроил метавонад дар муқобили одисозии равобит, пешниҳоди мушорикати амниятӣ ва иттилоотиро ба Арабистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бидиҳад.

  Исроэл Катс тасреҳ кард, буҳрони Қатар мӯҷиби наздикӣ ва тақвияти равобит бо саудиҳо шудааст.

   Дар моҳҳои ахир раванди одисозии равобити арабҳо бо режими саҳюнистӣ шиддат гирифтааст ва кишварҳои арабии созишкор, монанди Арабистон ва Урдун дар ин замина гӯй сибқатро аз якдигар рабудаанд.

   Ба тозагӣ Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди Арабистони Саудӣ ҳам ошкоро аз тасмими худ барои барқарории равобит байни Риёз ва Тел Авив хабар додааст.

  Ҳамсӯии фазояндаи Арабистон ва режими саҳюнистӣ дар пайгирии сиёсатҳои зидди муқовамат дар минтақа, бо ҳадафи тазъифи муқовамати фаластинён ва ҳамкории ин ду режем дар ҳимоят аз террористҳо дар минтақа, моҳияти режими саҳюнистӣ ва Оли Саудро, ки хостагоҳи терроризм ҳастанд, беш аз пеш намоён кардааст.

 

Барчасп