Июл 02, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳлати Арабистон ба Қатар имрӯз тамом мешавад

Имрӯз (2 июл) муҳлати Арабистон ва се кишвари арабии дигар ба Қатар барои посух ба хостаҳо ва шартҳои онҳо поён мепазирад.

  Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, Муҳаммад бин Абдурраҳмон Ол Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар, дар вокуниш ба муҳлат таъйин кардани Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср барои Доҳа гуфт, ин кор бо ҳадафи заиф кардани ҳокимияти Қатар анҷом шудааст.

   Вай афзуд, хостаҳои чаҳор кишвар асосан тавре матраҳ шуда, ки рад шавад на ин, ки пазируфта шавад ё мавриди музокира қарор гирад.

  Вазири умури хориҷаи Қатар дар айни ҳол таъкид кард, Доҳа ҳамчунон омодаи музокира ва баррасии шикояти Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср ва гуфтугӯ бо шурути муносиб аст.

   Аз сӯи дигар, пойгоҳи хабарии “Алявм ал Собеъ” ба нақл аз манобеъ дар ҳавзаи Халиҷи Форс навишт, Арабистон аз гушӯдани ҳарими ҳавоии худ ба рӯи ҳавопаймои амири Қатар худдорӣ кардааст.

  Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Миср ва Иморот, се ҳафта пеш равобити дипломатии худро бо Қатар ба хотири «ҳимояти Доҳа аз терроризм» номидаанд қатъ ва барои аз саргирии равобит, шартҳои сездаҳгонае матраҳ кардаанд.

   Гуфта мешавад, қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон, барчидани пойгоҳи низомии Туркия ва бастани шабакаи Алҷазира, аз ҷумлаи шартҳои Арабистон ва муттаҳидонашон барои аз саргирии равобит бо Қатар ва рафъи таҳрими ин кишвар аст.