Июл 03, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Қатар: Агар ҷанг шавад, омодаи дифоъ ҳастем

Вазири дифои Қатар эълом кард, қатариҳо барои дифоъ аз кишварашон омодаанд.

Ба иттилои вебгоҳи хабарии арабии 21, Холид Алъатия гуфт: “Умедворам, ки кор ба дахолати низомӣ нарасад, аммо мо барои он омодагӣ дорем ва ҳар рӯз худро барои дифоъ аз кишварамон омода нигаҳ медорем”.

Алъатия, иқдомоти чаҳор кишвари арабӣ зидди Давҳаро талош барои барандозии низоми ҳоким дар Қатар донисту ҳушдор дод: Қатар дар тӯли торихи худ собит кардааст, луқмае нест, ки ба роҳатӣ балъида шавад .

Вазири дифои Қатар ҳамчунин шартҳои сездаҳгонаи Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Мисрро барои аз саргирии равобит ва рафъи муҳосира, ба маънии таарруз ба ҳокимияти Қатар донисту гуфт: Қатар эҳсос мекунад, ки аз ҷониби бародаронаш, аз пушт ханҷар хурдааст .

Дар ҳамин ҳол, шабакаи Алҷазираи Қатар эълом кард, Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар барои ироаи посухи Давҳа ба мутолиботи кишварҳои арабӣ, ки равобити худро бо Қатар қатъ кардаанд, вориди Кувайт шуд .

Пеш аз ин, Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо тамдиди 48 соатаи муҳлати Қатар барои посух ба мутолиботи худ мувофиқат карда буданд .