Июл 04, 2017 15:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти Сурия дар Остонаи Қазоқистон

Даври панҷуми музокироти Сурия бо ширкати ҳайатҳои Эрон, Русия, Туркия, намояндагони Ҳукумати Сурия ва мухолифони мусаллаҳ дар Остона рӯзи сешанбе оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони ҳайатҳои ширкаткунанда дар музокироти Сурия дар Остона дар бораи масоили марбут ба охирин вазъи Сурия гуфтугӯ мекунанд ва фардо ҳам нишасти умумӣ бо мушорикати ҳама ҳайатҳо баргузор хоҳад шуд.

Сарпарастии ҳайати Русияро дар музокироти сулҳи Сурия дар Остона Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури ин кишвар дар умури Сурия бар уҳда дорад. Раёсати ҳайати эронӣ бар уҳдаи Содиқ Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷии Эрон аст. Тақвияти оташбас дар Сурия, таъйин ва марзбандии чаҳор маҳдудаи амн ё коҳиши таниш дар ин кишвар дар дастури кори даври панҷуми музокироти сулҳи Сурия дар Остона қарор дорад ва интизор меравад, асноди марбут ба эҷоди ин маҳдудаҳо низ ба имзои тарафайни музокиракунанда бирасад. Оташбаси фарогири кунунӣ дар Сурия аз 31-уми декабри соли 2016 бо тарроҳии Эрон, Русия ва Туркия барқарор шудааст. Ин музокирот бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкории Русияю Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия тартиб дода шудааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонишон, аз ҷумла Туркия барои сарнагун кардани ҳукумати қонунии Башор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шудааст.

 

Барчасп