Июл 08, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими ҷадиди Миср алайҳи Қатар

Миср ба ҷуз канали Суэтс бандарҳо ва оброҳои худро ба рӯйи киштиҳои қатарӣ баст.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Миср дар идомаи ҳамроҳӣ бо Арабистон дар таҳрими Қатар, ба киштиҳои ин кишвар иҷозаи вуруд ба бандарашро надод, аммо убури ин киштиҳо аз канали Суэтсро озод эълом кард.

Маҳоб Мамиш, раиси ҳайати канали Суэтс ва раиси минтақаи иқтисодии ин канал, дар баёнияи матбуотӣ эълом кард, муқаррароти марбут ба рафту омад аз канали Суэтс ба тавофуқномаҳои байналмилалӣ, ки Қоҳира имзо карда пойбанд аст.

Ин масъули мисрӣ афзуд, киштиҳои қатарӣ, ки аз бандарҳои мухталифи минтақа убур мекунанд, ағлаб ҳомили коло нестанд ва киштиҳои ҳомили гази моеъ ҳастанд, ки наметавон монеъи убурашон шуд.

Канали Суэтс рӯзона маҳалли убури даҳҳо киштӣ аст ва бар асоси тавофуқҳои байналмилалӣ, Қоҳира наметавонад ин каналро дар баробари киштиҳои убурӣ масдуд кунад.

Чаҳор кишвари Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср, аз 5 июн Қатарро таҳрим кардаанд.

Ин чаҳор кишвари арабӣ, дар 23 июн гузашта феҳристи ҳовии 13шартро барои аз саргирии равобити худ бо Қатар ба ин кишвар ироа карданд, ки Доҳа ин дархостҳоро номутаодил, ғайримантиқӣ ва ғайриқобили иҷро донист ва онҳоро напазируфт.

 

 

Барчасп