Идомаи ҳамалоти мутаҷовизони Саудӣ ба Яман
Ҷангандаҳои мутаҷовизи режими Саудӣ пойгоҳи Ал Деламӣ дар устони Санъои Яманро бомбаборон карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман низ имрӯз (шанбе), як адад мушаки «Зилзол 1»- ро ба самти пойгоҳи муздурони Саудӣ, дар минтақаи Ассоқи минтақаи Асилон дар устони Шабваҳ (ҷануб Яман ) шиллик кард.
Манобеи хабарии Яман ҳанӯз гузорише дар бораи талафоти эҳтимолии ношӣ аз ин ҳамлаи мушакӣ мунташир накардаанд.
Неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман имрӯз ҳамчунин як худрави низомии Арабистонро дар шимоли саҳрои Мейдӣ мунҳадим карданд, ки дар пайи он, теъдоде аз мутаҷовизони Саудӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.
Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои араби минтақа ба Яман ҳамла кард, то ба иддаои худ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат бозгардонд. Ҳамалоти Арабистон ба Яман даҳҳо ҳазор кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.