Вазири дифои Қатар: Бо ташкили эътилофи Саудӣ алайҳи Яман мухолиф будем
Вазири дифои Қатар гуфт, Доҳа аз ибтидо бо ташкили эътилофи Саудӣ алайҳи Яман мухолиф буд, зеро дидгоҳи мутафовите барои ҳалли буҳрони Яман дошт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Холид ал-Аттия, вазири дифои Қатар дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ТРТ-и Туркия таъкид кард, бархе кишварҳои арабӣ бо таҳти фишор қарор додани Қатар барои пайвастан ба эътилофи арабӣ зидди Яман, Доҳаро маҷбур карданд алайҳи Яман вориди ҷанг шавад.
Ҷанги режими Саудӣ ба ҳамроҳи чанд кишвари дигар алайҳи мардуми Яман аз моҳи марти соли 2015 ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман ба қудрат, бо муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар оғоз шудааст ва то кунун идома дорад.
Арабистон ва се кишвари Миср, Иморот ва Баҳрайн панҷуми июни соли 2017 дар баёнияе ҷудогона қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом ва таҳримҳо алайҳи ин кишвар ҷорӣ карданд.
Ин чаҳор кишвар Қатарро ба ҳамсӯ набудан бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз муттаҳам кардаанд.