Июл 24, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Подшоҳи Арабистон умури кишварро ба валиаҳдаш супурд

Дарбори салтанатии Арабистон дар фармоне аз Муҳаммад ибни Салмон, фарзанди шоҳ ва валиаҳди ҷадиди Саудӣ хост, дар ғиёб ва сафари Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистон ба хориҷ аз кишвар, идораи умури кишварро дар даст бигирад.

Ба нақл аз Алъолам, дарбори салтанатии Арабистон эълом кард: Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистон имрӯз барои мурраххасӣ ба хориҷ аз кишвар меравад .

Бархе фаъолони иҷтимоӣ ме‎гӯянд, Малик Салмон бемор аст ва бархе дигар низ аз заминасозӣ барои интиқоли қудрат ба фарзандаш хабар медиҳанд .

Рӯзномаи Раъйалявм ба нақл аз манобее дар кохи подшоҳии Арабистон аз эҳтимоли канорагирии шоҳи Саудӣ ба нафъи фарзандаш Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди кунунӣ дар панҷ моҳи оянда хабар дод .

 

Барчасп