Июл 25, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Афви Байналмилал ба идомаи нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон

Созмони Афви Байналмилал аз Арабистони Саудӣ хост, ҳукми эъдоми чаҳордаҳ нафар аз шаҳрвандони ин кишварро ба ҳолати таълиқ дароварад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Пресс ТВ”, Созмони Афви Байналмилал аз режими Оли Сауд хост, ҳукми эъдомеро, ки дар додгоҳҳои Арабистон барои чаҳордаҳ нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба иллати ширкат дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ содир шудааст, ба ҳолати таълиқ даровард. Созмон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ низ эълом карданд, ин чаҳордаҳ шаҳрванди Арабистон дар пайи муҳокима ноодилонаи додгоҳҳо, бар асоси эътирофгириҳои иҷборӣ ва нодуруст ба эъдом маҳкум шудаанд. Бар асоси ин гузориш, ин 14 шаҳрванди Арабистон панҷ сол қабл (соли 2012) дар тазоҳуроти зидди режими Оли Сауд дар манотиқи шарқӣ ширкат карда буданд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамвора дар бораи иқдомоти ғайринсонии режими Оли Сауд, аз ҷумла эъдоми ғайринизомиён дар Арабистон ҳушдор додаанд.

Барчасп