Июл 26, 2017 12:35 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қатар: Доҳа қурбонии зӯргӯии бархе кишварҳо шуд

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар дар мавриди буҳронофаринии саудиҳо ва ҳампаймононаш алайҳи Қатар гуфт, Қатар қурбонии зӯргӯиҳо ва қулдуриҳои геополотикӣ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон пост” афзуд, кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар қасд доранд ҳокимияти Қатарро зери по бигузоранд.

Вазири хориҷаи Қатар таъкид кард, кишвараш хоҳони гуфтугӯ барои ҳалли буҳрон бо Арабистон, Иморот, Миср ва Баҳрайн, кишварҳои таҳрим ва муҳосиракунандаи Қатар аст, аммо ин кишвар қурбонии қулдуриҳои геополотикии ҳамсоягони араб шуда, ки қасд доранд Доҳаро дар баробари худ таслим кунанд.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ бо ишора ба шартҳои кишварҳои муҳосиракунанда барои азсаргирии равобит бо Қатар афзуд, ҳар касе ин шартҳоро мутолеа кунад, дармеёбад, ки чунин шартҳо барои як кишвари дорои ҳокимият ва истиқлол бисёр таҳқиромез аст.

Вазири хориҷаи Қатар дар бораи робитаи кишвараш бо Эрон низ гуфт, робитаи Доҳа ва Теҳрон бештар аз дигар кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс нест ва ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Иморот ва Эрон бисёр бештар аз мизони он бо Доҳа аст ва ин нишондиҳандаи фурсатталабии бархе ҳамсоягони Қатар аст.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср ҳудуди ду моҳи пеш дар пайи интишори матолибе ба номи амири Қатар дар расонаҳои ин кишвар, бо муттаҳам кардани давлати Доҳа ба ҳимоят аз терроризм, равобити сиёсии худро бо он кишвар қатъ ва онро таҳрими иқтисодӣ карданд.

Қатар иқдомот ва шартҳои 13 -гонаи кишварҳои таҳримкунандаро бар хилофи ҳаққи ҳокимияти миллии худ дониста ва онро рад кардааст.

 

Барчасп