Июл 30, 2017 19:45 Asia/Dushanbe
  • Интишори муғризонаи ахбори Фаластин дар расонаҳои ғарбӣ

Узви ҳамоҳангии новгони озодии Фаластин дар Италия, аз интишори муғризонаи ахбори Фаластин дар расонаҳои ғарбӣ интиқод ва ибрози таассуф кард.

Мишел Борха, узви ҳамоҳангии новгони озодии Фаластин дар Италия дар мусоҳиба бо радиои италияии бурунмарзӣ бо ишора ба авзои Масҷидулақсо гуфт, расонаҳои ғарбӣ дар мавриди ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин муғризона амал мекунанд .

Ин фаъоли ҳомии Фаластин, дар идома афзуд, расонаҳои ғарбӣ монанди ҳамеша дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ иттилооти воруна ва ғалат мунташир мекунанд .

Ин фаъоли ҳомии Фаластин ҳамчунин гуфт, аксари расонаҳои ғарбӣ таҳти нуфузи лобиҳои саҳюнистӣ ҳастанд, бинобарин ҳаргизи хабарҳо ба зарари режими Исроил ва ба таври саҳеҳ мунташир намешавад .

Узви ҳамоҳангии новгони озодии Фаластин дар Италия таъкид кард, то замоне, ки маҷомеи байналмилалӣ ба таври воқеӣ аз мардуми Фаластин ҳимоят накунанд ва режими Исроил ба унвони режими ишғолгар муаррифӣ ва маҳкум нашавад, ин режим ба рафтори ғайриинсониаш идома хоҳад дод .

Низомиёни режими саҳюнистӣ аз 14 июли 2017 ба дастури Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим, саркуби фаластиниёнро ба вижа дар Қудс ва Масҷидулақсо ташдид кардаанд .

Низомиёни режими ишғолгари Қудс, дар ин муддат садҳо фаластиниро шаҳид ва захмӣ кардаанд .

 

Барчасп