Арабистон боз ҳам суриҳоро ба ҳаҷ роҳ намедиҳад
Кумитаи умумии ҳаҷ дар Сурия эълом кард, ки Арабистони Саудӣ, барои панҷумин соли мутаволӣ ҳуҷҷоҷи суриро аз адои фаризаи ҳаҷ манъ кард.
Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, дар баёнияи ин кумита омадааст: Мутаваллиёни ҳарамайни шарифин вазифа доранд, бидуни дар назар гирифтани қавмиятҳо ва вобастагиҳо, ба мизбонӣ аз меҳмонони хонаи Худо ва зоирони боргоҳи паёмбари акрам (с) бипардозанд ва васоили оромишу осоиши онҳоро дар сафар фароҳам кунанд .
Дар идомаи ин баёния тасреҳ шудааст: Арабистон ҳамчунон аз имзои тавофуқномаи расмии анҷоми маносики ҳаҷ бо Вазорати авқофи Сурия худдорӣ мекунад ва ин раванд, муғойир бо паймонҳои урфӣ дар ин замина аст .
Арабистони Саудӣ, имсол аз имзои қарордоди ҳаҷ бо Қатар низ худдорӣ кард .