Август 09, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Бонки хуни Яман дар остонаи таътилӣ

Бонки хуни миллии Яман эълом кард, ин бонк ба иллати камбуди манобеи молӣ, дар остонаи таътилӣ қарор гирифтааст.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Мунир Алзубайдӣ, сухангуи Бонки хуни миллии Яман гуфт, агар ин бонки хун таътил шавад, бахши дармони Яман бо буҳрон рӯ ба рӯ мешавад ва мушкилоти бемороне, ки аз талассемия, саратон ва норасоии гурда ранҷ мебаранд, бештар хоҳад шуд .

Ба гуфтаи Аднон Алҳакимӣ, мудири маркази миллии интиқоли хуни Яман, ин буҳрон пас аз он эҷод шуд, ки гурӯҳи хайрияи фаронсавии пизишкони бидуни марз (MSF) ба масъулони ин бонк иттилоъ доданд, пас аз ду соли ҳамкорӣ мехоҳанд, кумакҳои худро ба ҳоли таълиқ дароваранд .

Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ тайид кард, ин бонки хун дар остонаи таътилӣ қарор дорад ва ин созмон ба дунболи роҳҳое барои ҳимоят аз маркази интиқоли хуни миллии Яман аст.

Ҳамчунин ҳамакнун 21 устон аз 22 устони Яман бо шуюи бемории вабо даст ба гиребон аст.

Вабо токунун 473 ҳазор нафарро мубтало карда ва ҳудуди ду ҳазор қурбонӣ гирифтааст .

Арабистон аз марти 2015 бо ҳадафи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат ба Яман ҳамла кардааст .

 

Барчасп