Август 15, 2017 15:33 Asia/Dushanbe
  • Диишиҳо панҷ саркардаи худро эъдом карданд

Гурӯҳи террористии ДИИШ панҷ саркардаи худро дар вилояти ал-Анбор, ғарби Ироқ эъдом кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, ин панҷ саркардаи ДИИШ ба иттиҳоми сустӣ ва буздилӣ дар баробари ҳамалоти нерӯҳои Ироқ эъдом шуданд.

Нерӯҳои воҳиди ҳафтуми артиши Ироқ, нерӯҳои басиҷи мардумӣ ва гурӯҳҳои вижаи низомиёни амалиёти “Ҷазира” чанд рӯз пеш дар амалиёти пешдастонае ба диишиҳо ҳамла карда, дастикам 30 нафар аз онҳоро ба ҳалокат расонданд ё захмӣ карданд. Ҳудуди ду ҳафта пеш ҳам як гӯри дастаҷамъие, ки 40 ҷасади диишиҳо дар он дафн шуда буд,  дар ҷануби ар-Рамодӣ, маркази вилояти ал-Анбор кашф шуд. Бештари пайравони ДИИШ пас аз фирор аз манотиқу шаҳрҳои озодшудаи вилояти ал-Анбор ба ин саҳро паноҳ бурдаанд ва аз ин макон барои анҷоми ҳамалоти террористӣ иқдом мекунанд.

 

Барчасп