Август 18, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Миср боз ҳам се қитъаи дигари хоки кишвари худро фурӯхт

Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср бори дигар бо судури ҳукме се қитъа аз хоки вилояти аш-Шарқия, воқеъ дар шимоли ин кишварро ба Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувейт дар муомилае монанди муомила бо шаҳрвандони мисрӣ вогузор кард.

Ба гузориши бахши арабии шабакаи хабарии "Евронюс", ба назар мерасад, ин муомила натиҷаи сафари Абдулфаттоҳ Сисӣ ба Кувейт дар 7-уми майи соли 2017 аст, ки ду кишвар бар тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф тавофуқ карданд.

Ҳукми вогузории се қитъаи замин ба Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баъди камтар аз як сол аз судури чунин ҳукми раисҷумҳури Миср дар октябри соли 2016 дар хусуси муомила бо Шайх Ҳамд ибни Исо Оли Халифа, шоҳи Баҳрайн, ки бо ӯ ҳам монанди як фарди мисрӣ замин фурӯхта шуду замину виллаҳои Халиҷи Неъмат дар шаҳри Шарм-уш-шайхро ба ӯ вогузар кард, дар рӯзномаи расмии Миср ба табъ расид.  Гузашта аз ин раисҷумҳури Миср, ки дар моҳи апрели гузашта бо вогузории ду ҷазира, Тирону Санофир дар баҳри Сурх ба Арабистон дар муқобили ваъдаи Риёз ба ироаи кумаки молӣ ба арзиши 20 миллиард доллар ба Арабистон имтиёз дод, бо эътирози шадиди маҳофили мисрӣ мувоҷеҳ шуд.  Аммо бо вуҷуд ин ҳукми раёсатӣ баёнгари талоши зиёди режими Миср барои ҷалби сармояи кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс ба ин кишвар аст, ки дар буҳрони шадиди иқтисодӣ ба сар мебарад.

 

Барчасп