Август 19, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 55 низомии Саудӣ дар марз бо Яман

Шумори низомиёни саудии кушта шуда дар марз бо Яман тайи се моҳи гузашта, ба 55 низомӣ расидааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Ал Қудс Ал Арабӣ”, дар пайи афзоиши рӯзафзуни талафоти артиши Арабистон дар ҷанги Яман, манобеи Саудӣ эълом карданд, бо кушта шудани ду низомии арабистонӣ дар тозатарин амалиёти нируҳои Ансоруллоҳи Яман дар навори марзии ду кишвар, дар моҳҳои май, июн ва июли гузашта, омори талафоти низомиёни Саудӣ ба 55 нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, бар асари инфиҷори бомби коргузошта шуда дар рустое дар устони Лаҳиҷ (ҷанубу Яман) шуморе аз муздурони Саудӣ кушта шуданд.

Аносури ношинос ҳам рӯзи ҷумъа манзили Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфи Яманро дар устони Абин (ҷануби Яман) мунфаҷир карданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва Англия, аз марти 2015 ҳамалоти худро ба Яман бо ҳадафи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии ин кишвар ба қудрат оғоз кардааст.

 

Барчасп