Август 21, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • 21 август, солрӯзи ба оташ кашидани Масҷидулақсо

21 август 1969 Масҷидулақсо, нахустин қиблаи мусулмонон ба дасти Майк Роҳан,  саҳюнисти австралияитабор ба оташ кашида шуд ва аз он пас мусулмонони ин рӯзро рӯзи масҷид номиданд.

Ба нақл аз Исно, ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин ба муносибати рӯзи ҷаҳонии масҷид ва дар солгарди ба оташ кашида шудани Масҷидулақсо ба дасти саҳюнистҳо, дар баёнияе бар ҳуввияти исломӣ ва қадосати Масҷидулақсо таъкид кард .

Дар баёнияи ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин омадааст: Саҳюнистҳо аз замони ишғоли Фаластин дар соли 1948, сиёсати тағйири ҳуввиятиро дар ин сарзамин пайгирӣ карданд ва овора кардани мардуми Фаластин ва ҷойгузин кардани ҷамъияти яҳудӣ, ишғоли заминҳои фаластинӣ, тахриби маконҳои торихӣ ва тахриб ё тағйири корбарии масоҷид аз ҷумлаи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар ин солҳо будааст .

Дар ин баёния омадааст: Пас аз ишғоли комили Байтулмуқаддас дар соли 1967, барномаи ҳазфи ҳарами шарифи Қудс ба унвони намоди ҳуввияти исломӣ дар сарзамини Фаластин, дар дастури кори режими Исроил қарор гирифтааст .

Ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин дар баёния таъкид кардааст, ҳарами шарифи Қудс ва Масҷидулақсо, қиблаи нахусти мусулмонон аст ва муҳофизат аз он бар уҳдаи ҳамаи ҷаҳони ислом аст .

 

Барчасп