Доҳа: Сафири Қатар ба Теҳрон бозмегардад
Вазорати умури хориҷаи Қатар бомдоди панҷшанбе эълом кард, сафири худро ба Теҳрон бозмегардонад.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Қатар дар баёнияе хотирнишон кард, ин иқдоми Доҳа бо ҳадафи таҳкими равобит миёни ду кишвар сурат мегирад.
Бархе манобеъ низ гузориш доданд, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бозгашти сафири ин кишвар ба Теҳронро иттилоъ додааст.
Қатар сафири худро январи соли гузашта таҳти фишорҳои Арабистон ба Доҳа фаро хонда буд.
Холид ибни Муҳаммад ал-Атия, вазири дифои Қатар ахиран гуфт, пас аз таҳримҳои золимонаи Арабистон ва ҳампаймононаш Ҷумҳурии Исломии Эрон бо боз кардани ҳарими ҳавоии худ рӯйи парвозҳои Қатар, нахустин роҳи танаффусро барои Доҳа боз кард.
Арабистон ва ҳампаймононаш шомили Миср, Иморот ва Баҳрайн аз панҷуми июни соли 2017 равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва марзҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худро бар ин кишвар бастанд.
Ин чаҳор кишвар Қатарро ба ҳамсӯ набудан бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз муттаҳам кардаанд.