Таҳдиди қории Қуръон барои идомаи тиловат ба аҷибтарин шева (видео)
Август 24, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
Қории Қуръоне, ки дар як маросими азодорӣ дар устони Ал Шарқияи Миср машғули тиловати Қуръон буд, дар поёни тиловаташ бо саҳнаи аҷибн рӯбарӯ шуд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал –Олам”, филме дар фазои маҷозӣ мунташир шуда, ки нишон медиҳад, як марди мисрӣ ба рӯи қории Қуръон корд мекашад ва ӯро маҷбӯр ба идомаи тиловати оёти Қуръон мекунад.
Қории Қуръон низ пас аз ин таҳдид, тиловати сураи Фотиҳаро оғоз мекунад. Ин қории Қуръон ба расонаҳои мисрӣ гуфт, «Аз вокуниш ва иқдоми ин фард тааҷҷуб кардам, вай қасам хӯрд, ки агар тиловатамро аз сар нагирам ба худрави ман осеб мезанад, аммо ҳаргиз худамро таҳдид накард.»