Август 29, 2017 16:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ кишваре наметавонад ба ҷойи Сурия тасмим бигирад

Теҳрон дар ду рӯзи ахир шоҳиди музокироту ройзаниҳои Стефан де Мистуро, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Ин музокирот дар пайи дидори ахири муовини вазири умури хориҷии Эрон дар умури Ховари Миёна аз Маскав ва Анкара анҷом шуд. Теҳрон, Маскав ва Анкара ибтикори амали музокироти Сурия дар чорчӯби тавофуқи Маскав ва музокироти Остонаро дар даст доранд. Бо идомаи ин гуфтугӯҳо акнун муодилоти сиёсию низомӣ дар Сурия тағйир ёфта, таҳаввулоти Сурия дар масири як чархиши муҳим қарор гирифтааст.

Пирӯзиҳои ҷабҳаи муқовимат дар набард алайҳи ДИИШ дар Ироқу Сурия ҳаракати баробару таъсиргузор ба якдигар аст. Дар Ироқ озодии Масил ва Талъафар амалан манотиқи ҷараёни террористии ДИИШ-ро маҳдуд кард ва дар Сурия низ таҳаввулоти майдонӣ ба аз байн рафтани ҷараёнҳои террористӣ кумак кардааст. Пешравиҳои майдонӣ дар марзҳои Лубнон бо Сурия низ чашмгир будааст. Ҳамаи пирӯзиҳо заминаи ҳалли сиёсии буҳронро фароҳам мекунад. Зеро ҳарчи бештар ДИИШ ва гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа нобуд ва ё аз манотиқи таҳти сайтараашон берун ронда шаванд, дастёбӣ ба роҳҳали сиёсӣ наздиктар мешавад. Дар ин шароит даври тозаи музокироти Остона, ки ба зудӣ баргузор хоҳад шуд, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Даври навбатии музокироти Остона қарор аст, чанд рӯз баъд баргузор шавад.

Беш аз шаш соли ҷанг дар Сурия нишон дод, ки буҳрони Сурия роҳҳали низомӣ надорад. Ба ибораи дигар сақфи ҷанг дар Сурия ба интиҳо расидааст. Сониян, маҳсули ниҳоии шаш соли ҷанг фақат вайронии кишвар ва боқӣ гузоштани «замини сӯхта» аз кишвари ободе шудааст. Солисан, садҳо ҳазор куштаву маҷрӯҳи ҷанг ҳамроҳ бо оворагии миллионҳо нафар аз шаҳрвандон дар Ироқу Сурия нафрат аз ДИИШ, ифротгароӣ ва ҷангро ниҳодина кардааст. Бо ибтикори Эрон, Русия, Туркия ва бо ҳамоҳангию  ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид талошҳои минтақаию байналамилалӣ барои кумак ба ҳалли ин буҳрон дар Остона, пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, ки саранҷом он пуле ба сӯйи Женева аст.

Нодири Ҳошимӣ, мудири Маркази мутолиоти Ховари Миёнаи Донишгоҳи “Денвер” дар мусоҳиба бо шабакаи “ал-Ҷазира” гуфтааст, тафовути ин музокироти сулҳ ин аст, ки дар гузашта Созмони Милали Муттаҳид назорат ва раҳбарии музокироти сулҳро бар уҳда дошт ва асосан бар сари ҳеҷ чизе тавофуқ ҳосил намешуд. Он гуна ки Ҳусейн Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ-африқоии вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кардааст, сарнавишти ояндаи Сурияро мардуми ин кишвар муайян мекунанд ва ҳеҷ бозигаре наметавонад ба ҷойи Сурия тасмим бигирад. Ба қавли ӯ, яке аз усули асосӣ аз ибтидои буҳрони Сурия мухолифат бо мудохилаи хориҷӣ ва таҳмили шароит бар ҳукумату миллати ин кишвар буд, ки Эрон низ дар ҳамин масир ба сиёсатҳояш идома медиҳад.