Август 29, 2017 18:03 Asia/Dushanbe

Террористҳои ДИИШ шабона аз минтақаи Ҳалимақора дар марзи Сурия бо Лубнон ба Букмали вилояти Дайр-уз-зур, шарқи Сурия мунтақил шуданд.

Ба гузориши хабарнигори “Садо ва симо”-и Эрон, ҳамзамон бо хурӯҷи комили аносири гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ аз баландиҳои Ҳалимақора дар минтақаи кӯҳистонии ал-Қаламуни Ғарбӣ парчами Сурия дар марзҳои ин кишвар бо Лубнон барафрошта шуд.

Бо тангтар шудани муҳосираи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ал-Қаламуни Ғарбӣ дар марзҳои Сурия ва Лубнон террористҳо, ки тақозои оташбас доштанд, шарти нерӯҳои муқовимати артиши Сурия ва лубнониҳоро пазируфта, бо хурӯҷ аз ин минтақа ва рафтан ба вилояти Дайр-уз-зур мувофиқат карданд. Сурия ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон бо иҷрои марҳалаи сеюми оташбас дар марзҳои ду кишвар ҷасадҳои низомиёни лубнониро аз террористҳо таҳвил гирифтанд ва иҷоза доданд, 350 террорист ҳамроҳ бо 262 тан аз аъзои хонаводаҳояшон, ҳамчунин 25 террористи захмӣ ал-Қаламуни Ғарбиро ба мақсади ал-Букмал тарк кунанд.

Муқовамати исломии Лубнон 20-уми август амалиётеро бо ҳамкории Артиши Сурия бо ҳадафи озодсозии баландиҳои ал-Қаламуни Ғарбӣ дар марзи ду кишвар аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ оғоз кард.

 

Барчасп