Ҳузури Башор Асад дар намози Иди Қурбон дар ал-Қаламуни Ғарбӣ
(last modified Fri, 01 Sep 2017 12:52:23 GMT )
Сентябр 01, 2017 17:52 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Сурия намози Иди Қурбонро дар минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ иқома кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, САНА, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар масҷиди ҷомеи Билоли шаҳри тоза поксозишудаи Қора, дар минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ ҳамроҳ бо шуморе аз масъулону шахсиятҳои сурӣ, аз ҷумла Муҳаммад Абдусаттор, вазир авқоф ва Аҳмад Бадруддин Ҳасун, муфтии кулли ин кишвар намози Иди Қурбонро хонд. Террористҳои ДИИШ ба тозагӣ дар пайи муваффақиятҳои Артиши Сурия аз минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ ақибнишинӣ кардаанд. Бо хурӯҷи ҳамаи террористҳо Артиши Сурия бо ҳамкории нерӯҳои муқовимати Лубнон ба ҳузури ДИИШ дар минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ поён дод.

Амин Ҳатит, коршиноси низомӣ ва умури стратегӣ дар сафҳаи твиттерии худ дар робита ба ҳузури Башор Асад дар намози Иди Қурбон дар минтақаи Қора навишт: “Башор Асад, раисҷумҳур имрӯз пирӯзмандона намози идро дар минтақаи Қора хонд ва дар бораи терроризм низ сухан гуфт”. Ҳатит афзудааст, минтақаи Қора дар фосилаи ҳафтмилӣ (ҳудуди 11-километрӣ)-и марзҳои Лубнон қарор дорад ва иқомаи намоз дар ин нуқта як паёми ошкор дорад: мутаҷовизон сарнагун шуданд.